Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Ню-Йорк Таймс-скверро барои чанд соат баст


Дар шаҳри Ню Йорк, барои чанд соат кӯчабоғи Таймс сквер, ҷашнгоҳи солинавии мардуми ин шаҳр, баста шуд ва маскунони се бино ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд. Кормандони полис як мошини болопӯшро, ки тайи ду рӯз дар канори ин кӯчабоғ қарор дошт, шубҳаовар хонданд ва ҳадс заданд, ки шояд он ҳомили маводи тарканда бошад. Ва аммо ҳангоми тафтиши мошин маводи мунфаҷира ошкор нашудааст. Ҳамасола садҳо ҳазор амрикоиҳо дар Таймс-сквер ҷамъ омада Соли навро истиқбол мекунанд.
XS
SM
MD
LG