Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои расидагии афғонон ба куштори 10 нафар


Бозрасии як гурӯҳи ҳукуматии Афғонистон ба куштори 10 нафар дар шарқи ин кишвар ҳокист, ки ин афрод аз хонаҳояшон гирифта шудаанд ва тавассути нируҳои хориҷӣ ба қатл расидаанд. Дар ин бора дар як изҳороте, ки дафтари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мунташир сохтааст, хабар дода мешавад. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки як гурӯҳи нируҳои хориҷӣ аз ҳавопаймо пиёда шудааст ва аз се хона 10 нафарро гирифтааст, ки 8 нафари онҳо шигирдони мактаб будаанд. Сипас онҳоро паррондаанд. Қаблан нируҳои НАТО гуфта буданд, ки маъмулан дар даргириҳое, ки нируҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, қурбониёнаш шӯришиён мебошанд.
XS
SM
MD
LG