Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди газ бо Узбакистон имзо шудааст


Тоҷикистон дар соли 2010 аз Узбакистон ҳамагӣ 250 миллион метри мукааб газ хоҳад гирифт. Ин дар муқоиса бо қарордоди пурра иҷроношудаи соли ҷорӣ ду маротиба камтар аст. Саидмаҳмад Шарофуддинов, мудири ширкати “Тоҷиктрансгаз” ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, бар асоси қарордоди имзошуда, нархи газ барои ҳар семоҳа ва мутобиқ ба уфту хези қимати гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъйин шуда, ҷониби Тоҷикистон муваззаф аст, 95 дарсади пули газро пешпардохт кунад. Душанбе имсол барои ҳазор метри мукааби газ ба Тошканд 240 доллар пардохт мекард.
XS
SM
MD
LG