Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин даъвати Британия ва СММ-ро нодида гирифт


Додгоҳи олии Чин ҳукми эъдоми шаҳрванди Британия Акмал Шайхро тасдиқ кард. Аз ин пеш Британия ва Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Чин даъват карда буданд, ки Шайхро эъдом накунанд. Сарвазири Британия Гордон Браун шахсан аз раҳбарони Чин хостори лағви ҳукми қатли Акмал Шайх шуд ва охирин талоши Лондон барои аз марг наҷот додани шаҳрванди Британия соате пеш сурат гирифта буд.
Акмал Шайх аз сӯи додгоҳи Чин дар қочоқи маводи мухадир муттаҳам шудааст. Вакилони дифоъи ӯ мегӯянд, ки Шайх ба маризии рӯҳӣ мубталост ва ниёз ба тараҳҳум дорад. Ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар Чин аз соли 1951 ба ин сӯ ягон шаҳрванди кишвари аврупоӣ эъдом нашудааст.
XS
SM
MD
LG