Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ислоҳталабони шинохта дар Эрон


Хабарҳои расида аз Эрон ҳокии боздошт шудани дастикам 7 тан аз ислоҳталабони шинохта аст. Бино ба хабарҳо, ин боздоштҳо дар пайи задухӯрди рӯзи якшанбе байни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятист, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 8 нафар шуд ва ин тазоҳуротро ба пурқурбонитарин эътироз аз замони оғози ошӯбҳои пасоинтихоботии Эрон табдил дод.
Яке аз боздоштшудагони ахир Иброҳим Яздӣ, раҳбари Наҳзати Озодӣ, як ташаккули умдаи мухолифини Эрон будааст. Амир Хуррам, як узви баландмақоми ин созмон гуфт, ҳадафи мақомот зоҳиран аз фаъолият манъ кардани онҳост.
Дар ҷараёни боздоштҳои ахир се мушовири раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавӣ ва ду тан аз ёрони раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамӣ низ дастгир шудаанд. Пулиси Эрон мегӯяд, ҷамъан ҳудуди 300 эътирозгарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG