Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангиёни толиб ба посгоҳи пулис дар Бодғис


Пулиси Афғонистон мегӯяд, ҳамлаи ҷангиён ба як посгоҳи пулис дар шимолу ғарби кишвар ду афсарро кушта ба ҷо гузошт.
Дар пайи ин ҳамлаи шоми якшанбе дар вилояти Бодғис се афсари дигар беномунишон шудаанд.
Раҳбари пулиси вилоят Саидаҳмад Самӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, дар ҷараёни ин задухӯрд, ки як соат тӯл кашидааст, се ҷангии толиб низ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG