Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз натоиҷи интихобот дар Узбакистон эълон мешавад


Имрӯз натоиҷи пешакии интихоботи парлумонии Узбакистон эълон хоҳанд шуд. Ба иттилоъи расмӣ, дар раъдиҳӣ, ки дирӯз сурат гирифт, беш аз 87 дар сад афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд. Барои курсиҳои парлумони Узбакистон чаҳор ҳизби пуштибон аз раисиҷумҳур Ислом Каримов талош варзиданд. Бори аввал дар парлумон барои Ҷунбиши муҳитизистии Узбакистон 15 курсӣ ҷудо карда шудааст. Гуфта мешавад, ки ин вакилон талош хоҳанд кард то даъвоҳои Узбакистон барои алайҳи манофеъи кишвар будани бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок кунанд. Дар Узбакистон айни ҳол ягон ҳизби мухолифи ҳукумат сабти ном нашудааст.
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз фиристодани нозирон ба ин маъракаи интихоботӣ сарпечӣ кард, зеро, ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, мақомоти Узбакистон тавсияҳои созмонро нодида гирифтанд.
XS
SM
MD
LG