Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори тафтиши назорати амнияти парвозҳо шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, амр кард, ки системи назорати бехатарии парвозҳо дар сартосари кишвар мавриди тафтиши комил қарор бигирад. Дар ин бора сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс дар сӯҳбат бо шабакаи телевизиониии АВС хабар дод. Ду рӯзи пеш дар рӯзи иди Мавлуди Исои Масеҳ ҳангоми парвози ҳавопаймои хатсайри Амстердами Ҳуланд ва Детройти ИМА шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдулмуталлаб, ки мехост дар ҳавопаймо моддаи таркандаро мунфаҷир созад, аз сӯи мусофирон ва халабонҳо безарар карда шуд. Ӯро нерӯҳои амниятии Амрико боздошт ва зиндонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG