Дар гузорише аз қавли мақомоти расмии кашфи Покистон гуфта мешавад, ки дар як ҳамлаи машкуки мушакии нируҳои Амрико дар маногтиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон 3 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли мақомот навиштааст, дар ин ҳамла ҳамчунин 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин авохир як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар манотиқи қабилинишини Покистон ҳамлаи мушакӣ оғоз кардааст.