Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар соли 2009 (аз нигоҳи банда)


Ин бор фикр кардем, агар муҳимтарин рӯйдодҳои солро на ба таври расмӣ, балки як андоза ғайрирасмӣ ва аз нигоҳи шахсӣ баррасӣ кунем, оё чӣ чизҳоеро хоҳем дид? Ҳосили кор ин шуд. Шояд Шумо розӣ бошед, шояд норозӣ. Агар норозӣ бошед, сад дарсад имкон доред, андешаи шахсии хешро баён доред.

САВГАНДИ СОЛ бешубҳа, савганди президенти нави Амрико, Барак Обама буд, ки рӯзи сарди 20-уми январ бештарин шумораи (наздик ба 2 миллион нафар) ширкаткунандагони чунин маъракаро ҷамъ овард. Дар ҳоле ки шиорҳои интихоботии ӯ -- "Умед ба тағйир" ва "Мо метавонем!" дар гӯши ҷаҳон садо медод, Обама шиори наверо ба ҳаво сар дод: "Бозгардем ба ҳақиқатҳои кӯҳнае монанди меҳнати шоқа, ростӣ ва ҷасорат, покбозӣ, шикебоӣ ва кунҷковӣ, садоқат ва ватанхоҳӣ." Вай ҳамчунин аз "қарни нави масъулият” ҳарф зад.

НООРОМИИ СОЛ дар Эрон ба вуқӯъ пайвастанд. Пас аз интихоботи президентии ин кишвар дар моҳи июн, ки дар онҳо президент Маҳмуди Аҳмадинажод барои даври дувуми раёсатҷумҳурӣ баранда эълон шуд, рақибонаш Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ натиҷаҳои интихоботро дурӯғ шумурданд ва ҳазорон нафар аз тарафдорони онҳо ба хиёбонҳо рехтанд. Даргирии тазоҳуркунандагон ва нерӯҳои амниятии Эрон даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт ва даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд. Эътироз боқӣ монд ва идома дорад.

ПАДРУДИ СОЛ
аз забони ду нафар садо дод. Собиқ президенти Амрико, Ҷорҷ Буши писар гуфт, ба Тексас, ба хонааш, бармегардад ва ба оина нигоҳ карда, аз худ ифтихор хоҳад кард, чун ба ҳамагон иҷоза дод, бо овози баланд аз ӯ интиқод кунанд. Дертар хабаре нашр шуд, марде ба ӯ гуфтааст, оё нороҳат намешавад, ки раҳгузарон ӯро ба президент Буш монанд хоҳанд кард? Дувумӣ, раҳбари Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Муҳаммад Эл Барадеӣ, ки баъд ду даври раёсат ин курсиро тарк кард ва дар ҳоле ки ҳамаи ин муддат ба сулҳомезии барномаи ҳастаии Эрон мӯътақид буд, дар охирин гузоришаш ба духӯрагии ин барнома ишораи ошкоро кард.

ГАРМОИШИ СОЛ
дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба назар расид. Вазирони умури хориҷии ду кишвар дар Мюнхен, тугмаи рамзии "Аз нав"-ро пахш карданд. Амрико аз нав тарҳи сипари зиддимушакияш дар Аврупоро таҳлил кард ва аз он даст кашид, вале Русия ҳамоно ки мухолифи узвияти Украина ва Гурҷистон дар НАТО буд, боқӣ монд ва рӯҳияи зиддиамрикоии худро кам накард. Шояд Сегрей Лавров тугмаро начандон сахт пахш кардааст.

ИНТИХОБОТИ СОЛ дар Афғонистон баргузор шуд. Ҳеҷ кас чунин эълони дурударози натиҷаҳои раъйдиҳиро дар ёд надорад. Ду номзад, Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ баробар худро баранда эълон карданд. Мақомоти интихоботӣ аввал гуфтанд, даври дувум нозарур аст, аммо Абдуллоҳ ҳамчун рақиби асосӣ даври дувумро ягона роҳи ислоҳи тақаллуб ва хилофкориҳо номид. Аммо вақте кумиссюни интихоботӣ даври дувумро эълон кард, Абдуллоҳ маъюсона ширкаташро дар чунин сабқат нозарур донист. Карзай бо обрӯи бамаротиб камтар ва қонунмандии заъифи ҳукуматаш ба кор сар кард.

СОЛГАРДИ СОЛ синни камолоти НАТО буд ва дар арафаи он аз ислоҳоти бунёдии ин ниҳод сӯҳбат мешуд. Ҷашни зодрӯзи 60-солагии паймон ба хубӣ гузашту зуд фаромӯш шуд ва барномаи ислоҳ низ бо истеъфои Яап де Ҳуп Схеффер ва интисоби Адерс Фоғ Расмуссен аз ёдҳо рафт. Созмоне, ки дар ду ҷанги Ироқ ва Афғонистон ба ин ё он шакл даромехтааст, гумон аст, фурсате барои бозомӯзии гузашта ва тарроҳии оянда дошта бошад. Солгардҳои дигаре ҳам буданд, монанди 20-солагии фурӯпошии Девори Берлин ва инқилобҳои гарму сард дар Аврупои Шарқӣ, ки низ фақат ба ёдбудҳои фохира табдил ёфтанд, на ба сабақи таърих.

ФАВТИ СОЛ дар миқёси ҷаҳонӣ, даргузашти Майкл Ҷексон буд дар 25-уми июн ва чун ҳама корҳои ҷаҳони имрӯз паси ҳафт пардаи сирру асрор. Майкл барои се ё чаҳор насли ҷаҳониёни имрӯза рамзи шӯҳрату сарват, бачагии аздастрафта, таронаҳои иҷтимоӣ ва машаққати кушандаи шоу-бизнес буд.

НИШАСТИ СОЛ дар охирҳои он дар Копенҳаген ба вуқӯъ пайваст. Дар тафовут аз нишасти ҳаштгонаву даҳгонаву бистгонаҳо, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонро баррасӣ мекарданд, ин ҷо тасмими қатъие гирифта нашуд. Иқтисодиёт, яъне сармоя ва пешрафт бартарии худро нишон дод. Коршиносон аксари ин нишастҳо ва худи Созмони Милалро “як бозори гапфурӯшӣ” номиданд.

СИРҚАТИ СОЛ бо номи Бернард Мэдофф, раиси ширкати сармоягузорӣ марбут хоҳад монд, ки барои дуздии 170 миллион доллар дар моҳи июн ба 150 соли ҳабс маҳкум шуд. Ҳуққабозии Мэдофф ба рамзи фурӯпошии бозори ҷаҳонии пул ва яке аз шадидтарин бӯҳронҳои молиявии ҷаҳон низ бадал гашт.

СИЁСАТБОЗИИ СОЛ
аз тарафи Қирғизистон ба миён омад, ки аввал ба хуруҷи пойгоҳи Амрико аз Манас қарор кард ва баъд аз дарёфти наздик ба 2 миллиард доллар кӯмаку сармоягузориҳои Русия, ин пойгоҳро бо номи дигар боқӣ гузошт. Дар ҳамин ҳол тавонист, ҷайби Амрикоро ҳам каме сабуктар кунад.

МОҶАРОИ СОЛ
дар таърих бо акси даҳону бинии хуншори сарвазири Итолиё, Силвио Берлусонӣ боқӣ мемонад. Касе аз миёни издиҳом бо чизи сангине ба рӯйи ӯ зад. Каме шабеҳ ба моҷарои порсолаи кафшпартоии журналисти ироқӣ ба сӯи президент Буш мемонад, аммо нишонрастар. Зимнан вақте журналисти ироқӣ дар як конфаронс дар Олмон суханронӣ мекард, ҳамкасбу ҳамватанаш айни корро бо ӯ такрор кард ва кафшҳояшро кашида, ба сӯи Зайдӣ ҳаво дод. Таърих, тавре мегӯянд, косаи давр.
XS
SM
MD
LG