Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ барои Тоҷикистон шояд тағйир наёбад


Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд ба музокироти қарордоди интиқоли газ барои соли оянда шурӯъ кардаанд. Тоҷикистон мехоҳад соли оянда аз Узбакистон 400 миллион метри мукааб газ бихарад. Камолиддин Ҷӯраев, корманди сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба Радиои Озодӣ гуфт, нархи газ эҳтимолан тағйир нахоҳад ёфт.
Душанбе феълан барои ҳазор метри мукааби газ ба Узбакистон 245 доллар пардохт мекунад.
XS
SM
MD
LG