Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили афғон аз тири пулис кушта шуд


Як вакили парлумони Афғонистон ҳангоми убур аз як посгоҳи пулис, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамалоти толибон гузошта буданд, кушта шуд. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, узви Улусӣ Ҷирга Муҳаммадюнус Шириноғо ва ронандаи ӯ аз манъ кардани мошини худ сарпечӣ карда, ҳадафи тир қарор гирифтанд ва ҳарду кушта шуданд. Дар ин тирандозӣ дар вилояти Бағлон як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хостори таҳқиқи билофосилаи ин қазия шуд. Улусӣ Ҷирга ҳалокати Шириноғоро талафоти сангине барои парлумони Афғонистон номид.
XS
SM
MD
LG