Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи интихоботи Тоҷикистон муайян шуд


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи ҳайати нави Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар он пешнависи санад дар бораи махориҷи интихоботи порламонии 28-ӯми феврал баррасӣ шудааст. Тибқи пешбиниҳо махориҷи ин интихобот 5 миллиону 433 000 сомониро дар бар мегирад. Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои созмондиҳии интихобот, маводи таблиғотии номзадҳо ва ҳизбҳо баррасӣ шудааст. 28-ӯми феварал интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ низ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG