Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти барфини Аврупо


Барфбориҳои зиёд ва ҳавои сард дар Аврупо ҷони беш аз 80 нафарро рабудааст. Дар се рӯзи ахир танҳо дар Лаҳистон 42 нафар ва дар Укроин 27 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар садамаҳои роҳ дар Дар Австрия, Финландия ва Олмон 13 нафар кушта шудаанд. Дар ин қисми Аврупо ҳарорат ба таври бесобиқа то ба -33 дараҷа Селсий поин рафтааст. Ҳавошиносон мегӯянд, минтақаҳои шимоли Аврупоро барфбориҳои шадидтар интизор аст. Қариб дар саросари қора парвозҳои ҳавоӣ, ҳаракати қатораҳо ва нақлиёт мутаваққиф шудааст.

Аз ҷумла, роҳи оҳани зери ла-Манш, ки Бритониёро бо қора мепайвандад ва бо номи Нақби аврупоӣ маъруф аст. Се рӯзи пеш беш аз 2.000 мусофири қаторҳао дар даруни ин нақб тӯли 16 соат мунтазири таъмири роҳ монда буданд. Даҳҳо ҳазор фаронсавӣ, ки ба Лондон барои хариди солинавӣ омада буданд, ҳамакнун намедонанд, ки оё то ба хонаашон дар ин сол мерасанд ва ё на. Зеро парвозҳо низ аксаран мутаваққиф шудаанд. Вале раҳбарияти ширкати Евростар, масъули ҳаракати қатора дар ин ҷода, ваъда додааст, ки аллакай аз рӯи сешанбе қисман ҳаракати қатораҳо оғоз хоҳад шуд.

Дар Париж, пойтахти Фаронса, қатора аз роҳаш берун рафт ва қариб 40 нафар осеб диданд. Дар пойтахти Хорватистон, шаҳри Загреб чунин як садами қатора 50 нафарро маҷрӯҳ кард.

Аммо осебпазиртарин қишр дар ин ҳавои сард мардуми бехонаву дар будаанд. Марг аз сармозадагӣ аз ҷумла дар Фаронса ба қайд гирифта шудааст. Дар Лаҳистон, дар шаҳри Краков, як тарабхонадоре барои даҳҳо ҳазор бесарпаноҳ хӯроки гарми ройгон ташкил кардааст. Ӯ гуфтааст, бояд ин мардум бидонад, ки касе дар бораи онҳо фикр дорад.
XS
SM
MD
LG