Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрои Вахшро дар Роғун як моҳ баъд мебанданд


Мақомоти ширкати “Нирӯгоҳи Роғун” гуфтаанд, ки дар даҳаи севвуми моҳи январ ба бастани маҷрои рӯди Вахш дар маҳалли эҳдоси сарбанди ин нирӯгоҳ шурӯъ хоҳанд кард.
Хабаргузории “Авасто” аз қавли мақомоти ширкат навишт, ки феълан дар сохтмони нирӯгоҳ беш аз 6000 нафар дар ду баст кор мекунанд ва кор тибқи нақша идома доштааст.
Қаблан қарор буд, ки маҷрои рӯди Вахш дар маҳалли бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун дар аввали моҳи ноябр баста шавад, вале баъдан ин кор то се моҳи дигар ба таъхир уфтод.
Бо ин ҳол, интизор меравад, дар таърихи 6 январ саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун бо қиматҳои номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба муомилот бароварда шаванд.
XS
SM
MD
LG