Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин то тӯйи Фирӯз буд ё баъд аз он?


Зарангез (аз чап) ва Шаҳло
Зарангез (аз чап) ва Шаҳло

Ба ҳамаи дӯстон мерасонем, ки тӯйи Фирӯзи мо бисёр аҷоибу фаромӯшнопазир гузашт. Пур аз суханҳои гарму ширин ва рақсу шодмонӣ. Нозирони "танзим" ҳам розӣ рафтанд ва эроде надоштанд.

Фақат як нороҳатӣ -- ин қадар рӯз гузашта бошад ҳам, сӯҳбати бачаҳои "Ояндасоз" сари ҳар лаҳза ба тӯй бармегардад ва тақвиму тарҳи барномаҳои корӣ гоҳшумории дигар касб кардааст: То тӯйи Фирӯз ва баъд аз тӯйи Фирӯз. Масалан, ин гузориш кай пахш шуда буд? Ягон кас рӯзу соат намегӯяд, балки кӯтоҳ -- ин то тӯйи Фирӯз буд, вале он баъд аз тӯй.

Шояд тӯй барои ҳамин даркор аст, ки ҳодисаи муҳими ҳаёти кас барои худи наварӯсон, хешу наздикон ва дӯстону ҳамкорон хотирмон гардад? Ва Фирӯз то охирин лаҳза ҳама корро кард, ки ҳамин гуна шавад. Ин хел домоди пуртакопӯ ва серташвишро таърих ёд надорад. Вай ҷои ин ки хаппу дам паҳлуи арӯс нишинад, саросари тӯйхона ин сӯву он сӯ медавид ва гоҳе ба арӯс мегуфт, табрикҳоро худат қабул кардан гир, ман бинам, ош чӣ хел...

Кор ба дараҷае расид, ки ошпазҳо, мутрибон, "танзимиён", ронандаву дастархондорон ҳама чиро аз Фирӯз мепурсиданд, зеро гумон доштанд, ки вай сардори тӯй асту бародараш домод. Ин натиҷаи он хислати Фирӯз буд, ки мехост, ҳама корро худаш кунад ё ҳадди ақал ба ҳама чиз қатъиян назорат дошта бошад. Хуб буд, ки арӯс осоре аз ранҷиш нишон намедод, шояд кайҳо ин хислати Фирӯзро фаҳмида буд.

Ин ҳам муҳим не, муҳим он ки ин тӯй гӯё ҳанӯз ҳам идома дорад. Имрӯз бархе аз ҳамкорон дар рӯи ҳавелии дафтар дастҳояшро болову поин мекард. Сабаб пурсем, мегӯяд, дар тӯйи Фирӯз рақс карда истодааст. Дигарон ҳам ҳамин хел, касеро дар гӯшаш мусиқӣ садо медиҳад, касе таъми хӯрокҳои лазизи тӯйро дубора мечашидагӣ барин лаб мелесад ва ғайра.

Барои онҳое, ки афсӯс, ба ин ё он сабаб бенасиб мондаанд, ин аксҳоро нашр мекунем, то бубинанд, тӯйи ҳамкори мо чӣ гуна гузашт, ки фаромӯш намешавад.

XS
SM
MD
LG