Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфрезиҳои пурқурбонӣ дар Аврупо


Барфрезиҳои шадид дар остонаи иди Мавлуди Масеҳ мунҷар ба банд шудани ҳазорон нафар дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди қораи Аврупо шудааст. Бино ба хабарҳо, бар асари сардиҳои ахир дар Аврупо ва умдатан дар Лаҳистон 19 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Дар бархе қисматҳои Олмон ҳаво то 33 дараҷа сард шуд. Дар пайи як силсилаи садамаҳо дар нақбе, ки Фаронсаро тавассути гулӯгоҳи Ла-Манш бо Бритониё мепайваст, ҳаракати қаторҳо байни ин ду кишвар муттаваққиф шудааст. Дар ин нақб дармондани 4 қатори Евростар дар шоми ҷумъа метавонад аз роҳ боз мондани ҳудуди 50 000 мусофирро дар пай биорад. Евростар гуфтааст, қаторҳояш имрӯз низ ҳаракат намекунанд.
XS
SM
MD
LG