Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгарии сармои бераҳм дар Аврупо


Даҳҳо ҳазор нафар аз мусофирони аврупоӣ имрӯз дар истгоҳҳои роҳи оҳан, роҳҳо ва фурудгоҳҳо дармонданд, зеро барфи зиёду яхбандӣ, ҳаракати нақлиёт дар саросари минтақаро мушкил кард. Дасти кам 19 нафар аксаран дар Лаҳистон аз шиддати сармо ҳалок шудаанд. Дар бахше аз манотиқи Олмон, ҳаво то 33 дараҷа сард шудааст. Ягона роҳи оҳани миёни Бритониёву Фаронсаро имрӯз барои ташхис бастанд, зеро ҳавои сард чанд дафъа ҳаракати қаторҳо дар дохили нақби бузурги нақлиётгузар номумкин карда, 12 соат мусофиронро дар шароити баде мунтазир гузошт. Лағви ҳаракати қаторҳо аз тариқи ин туннел зоҳиран барои сафари тақрибан 50 ҳазор нафар мушкил эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG