Пайвандҳои дастрасӣ

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба нозирони минтақавии пулис дар шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки бо мардум хушмуомила бошанд ва кортҳои тамоси худро ба ҳар як оила дар минтақаи худ тақсим кунанд, то сокинон дар вақти зарурӣ роҳи тамос бо пулисро донанд.

Абдураҳими Умариён, масъули маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Озодӣ хабар дод, дар як мулоқоти вижаи ҷаноби Қаҳҳоров бо нозирони минтақавии РКД Душанбе ва нозирони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, масъалаҳои марбут ба пешбурди кор ва бартараф намудани мушкилҳо дар фаъолияти кормандон баррасӣ шудааст.

Ҷаноби Умариён гуфт, ҳарфи меҳварии ин дидор муомилаи хуш бо аҳолӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мардум будааст. Гуфта мешавад, дар солҳои ахир эътимоди шумори бисёре аз мардум ба пулис коҳиш ёфтааст ва ҳам кам афроде аз пулис муомилаи хушро интизоранд. Дар ин росто, таъкиди пулиси рақами аввали кишвар ба зердастонаш ҷиҳати бозгардони эътимоди мардум ва муомилаи хуш бо онҳо хабари муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, барои нахустин бор аст, ки аз нозирон тақозо мешавад, то кортҳои тамоси худро бо шумораи телефони мобилӣ ба ҳар як хонадоне, ки дар минтақаашон ба сар мебарад, бидиҳанд. Ҷаноби Умариён мегӯяд, нозирони минтақавии шаҳри Душанбе бо телефонҳои мобилии ройгон аз ҷониби вазорат таъмин шудаанд. Нозирони минтақавии Душанбе ҳамарӯза то соати 23:00 омода ба хидмат будаанд.

Дар ин мулоқот ба нозирони минтақавӣ дастур шудааст, ки оид ба «будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз аъмоли ҷинояткоронаву террористӣ дар пайи ҳамкории устувор бо аҳолӣ назорати ҷиддӣ баранд».

Масъули маркази матбуоти ВКД мегӯяд, дар пешорӯи соли нав пулис ҳамчунин муваззаф гардидааст, то аз истифодаи маводи пиротехникӣ, хлопушкаҳо, пешгирӣ намояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG