Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобоварии мардум ба кормандони милиса


Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои боло бурдани эътимоди мардум ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот телефонҳои боварӣ таъсис додааст.

Ва хоҳишмандон метавонанд аз мушкилоти пешомада ва ё помол шудани ҳуқуқашон аз тарафи худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ин телефонҳо шикоят кунанд. Зимнан ин телефонҳо хомӯш нестанд ва аз тариқи онҳо бештар аз ҳама доир ба рафтори нозирони бозрасии давлатии автомобилӣ шикоят мекардаанд, ки бо ришваситонии худ дар байни мардум ба қавле “шӯҳратёр” шудаанд.

Аммо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон, эътимод на танҳо ба нозирони роҳ, балки ба тамоми кормандони милисаи кишвар кам аст. Онҳо дар Тоҷикистон аз қаҳрамонони асосии латифаҳо ҳастанд ва ё модарони тоҷик фарзандони бехоби худро чунин метарсонанд, ки “зуд бихоб, вагарна милисаро даъват мекунам”.

Таъбири дигар ҳам ҳаст, ки мегӯянд, “худо ба болниса ва ё милиса” гирифтор накунад. Бо назардошти ин таъбирҳои мардумӣ, метавон қазоват кард, ки мардум дар Тоҷикистон дар симои милиса киро мебинад ва чӣ қадар ба онҳо эътимод дорад?

Аммо ин қазоват ҳам дуруст намебуд, зеро то кунун назарсанҷии махсусе анҷом нашудааст, то нишон бидиҳад, ки кормандони милиса дар Тоҷикистон то чӣ ҳад обрӯ доранд, то чӣ ҳад мардум дар симои онҳо ҳомии ҳуқуқи худро мебинад ва то куҷо ба онҳо эътимод дорад?

ЭЪТИМОДИ КАМИ МАРДУМ БА КОРМАНДОНИ МИЛИСА

Ба гуфтаи як фаъоли ҳуқуқи инсон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ҳоло мардуми Тоҷикистон дар симои милиса гурӯҳеро мебинанд, ки “танҳо дар андешаи манфиатҳои хусусиаш буда, парвои мардум надорад”. Дар як назархоҳии интернетии хабаргузории “Азия Плюс”, аз миёни 157 нафар, тақрибан 70 дарсад гуфтаанд, ки ба кормандони милисаи Тоҷикистон “эҳтиром ба шаҳрвандонро” орзу доранд.

Дар як назархоҳии интернетӣ аз миёни 157 нафар тақрибан 70 дарсад гуфтаанд, ки ба кормандони милисаи Тоҷикистон "эҳтиром ба шаҳрвандонро" орзу доранд ...
Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, мардум ба кормандони милиса эътимод доранд ва далели ин муроҷиати онҳо ба мақомоти умури дохила аст.

Вай меафзояд, “мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, кушодашавии ҷиноятҳо ба таври фаврӣ далели онанд, ки шаҳрвандон бовариашон ба мақомоти корҳои дохилӣ, хеле зиёду бештар гаштааст, аз ҷумла дар кушодани ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҷиноятҳои вазнин аз қабили роҳзаниву одамкушӣ, дуздидани телефонҳои мобилу дигар ҷиноятҳои ҳаррӯза онҳо бевосита ба муроҷиати худ, дархосту шикоятҳое, ки аз ҷонибашон ирсол мегардад, ҳалли худро меёбанд“.

Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқдон аз Бюрои мустақили ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳам мегӯяд, мардум асосан ба дар мавридҳои алоҳида, аз кормандони милиса норозӣ ҳастанд, аммо дар маҷмӯъ ба онҳо эътимод доранд.

Вай гуфт, “умуман ба ҳамин сохтор аз тарафи шаҳрвандон боварӣ ҳаст. Агар умуман боварӣ намебуд, ин сохторро умуман писанд намекарданд ва муроҷиат ҳам аз тарафи шаҳрвандон ба онҳо намебуд”.

Аммо чанде аз ҳамин шаҳрвандон, ки Радиои Озодӣ аз онҳо доир ба эътиқод ба мақомоти милиса пурсид, танҳо бо даст афшондану сар ба такон додан, чизе нагуфтанд, ба ғайр аз як духтарак, ки ӯ ҳам аз ришвахории кормандони милиса шикоят кард: “Бовар намекунам, пул мегиранд, пора мегиранд, барои ҳамин ҳам бовар намекунам.”

"ФАСОДЗАДАТАРИН ИНСТИТУТИ ДАВЛАТӢ"?


Ин духтар танҳо нест ва аксарият низ чунин андеша доштаанд. Дар як назархоҳие, ки се соли пеш дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қавле ба рейтинги “фасодзадатарин институтҳои давлатӣ” дар Тоҷикистон шомил шудаанд.

Дар ин таҳқиқи афкори умум 53 дарсад гуфтанд, ки кормандони бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бисёр бевиҷдон ва фасодкор ҳастанд. Дар баробари ришвахорӣ, ба гуфтаи мусоҳибонам, кашолкорӣ дар ҳалли мушкили мардум, бадрафтории кормандони милиса, азияти боздоштшудаҳову муттаҳамон аз омилҳои дигари беэътимодии мардум ба онҳо аст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи тоҷик, мегӯяд, ин ҳама боварӣ ба кормандони милисаро ба андозае паст кардааст, ки мардум дар симои онҳо танҳо афродеро мебинанд, ки ба ришваситонӣ машғуланду бас.

Вай афзуд, “дар кишвари мо мақомоти қудратӣ бахусус милиса, вазорати амнияту прокуратура, на балки манфиати шаҳрвандони ин ҷумҳуриро ҳимоят мекунанд, балки бештар манфиати мансабдоронро ҳимоят мекунанд, ки ин шева аз давлати демократӣ ба давлати тоталитарӣ мерасонад. Барои ҳамин дар кишвари мо бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёртар манфиатҳои давлатдоронро ҳимоят мекунанд ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон канор мемонад“.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, ин рафтор сабаби беобрӯии кормандони милиса дар Тоҷикистон шудааст ва ба гуфтаи ӯ дар кӯчаҳои Душанбе, ба фарде, ки либоси милиса дорад, “ҳурмату иззат” кам аст. Нақши матбуотро низ дар беобрӯ кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кам намедонанд, зеро пайваста талқин кардан, ки нозири роҳ ва ё милиса ришвахор аст, албатта тассавури манфӣ дар зеҳни мардум эҷод мекунад.

ТАЛОШ БАРОИ ТАҒЙИРИ ИМИҶ

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи мусоҳибонам, дар мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон афроди бовиҷдон кам нест, вале теъдоди кам чеҳраи умумӣ ва манфии милисаро тағйир дода наметавонад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, раҳбари вазорат Абдураҳим Қаҳҳоров ки аввали ҳамин сол ба ин мақом таъйин шуд, низому тартиб дар сафи кормандони милисаро аз авлавиятҳои кори худ эълом кардааст ва чораҳои зиёде низ дар ин самт андешида мешавад.

Аммо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳанӯз кори зиёде дар пеш доранд, то обрӯи бисёр ками кормандони милиса ва ҳамингуна обрӯи
"Дар мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон афроди бовиҷдон кам нест, вале теъдоди кам чеҳраи умумӣ ва манфии милисаро тағйир дода наметавонад."
ҳукуматро баланд бардоранд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, кофист, ки кормандони милиса танҳо ба ҳамон савганди худ вафодор бимонанд, ки як бахши он содиқона хидмат кардан ба ҷомеа аст.

Дигар ин ки агар милисаи тоҷик бихоҳад, ошкор кардани ҷинояту қонуншиканиҳо барояшон осонтар шавад, кофист, ки дилу эътимоди мардумро ба даст оранд, зеро ҳоло сокинони Тоҷикистон ҳатто аз шаҳодат додан доир ба ҷинояте парҳез мекунанд, чаро ки ба гуфтаи худашон “ба балои милиса” гирифтор мешаванд.
XS
SM
MD
LG