Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои видеоӣ дар бораи милисаи Русия


Афсари милиса, Алексей Димовский.
Афсари милиса, Алексей Димовский.

Майор Алексей Димовскийро дар роҳ ба фурудгоҳ боздошт карданд ва дар ин лаҳза телефони ҳамроҳаш худ аз худ хомӯш гашта буд.

Аммо Алексей Димовский, майори милисаи бандари Новоросийск, воқеъ дар соҳили Баҳри Сиёҳ саранҷом тавонист 10-уми ноябр худро ба Маскав расонад. Дар пойтахт Алексей маъракаи эътирозиашро бар зидди ба гуфтаи вай қонуншиканиҳо ва фасоди густарда дар ниҳодҳои амниятии Русия давом дод.
Одамон назар ба авбошону ҷинояткорон аз милиса бештар метарсанд. Онҳо танҳо аз террористон бими бетшар доранд...


Вай хабар дод, гуфтугӯҳои ҷинояткоронаи раҳбарияташро сабт кардааст: “Ҷамъан 150 соат навори сабтшуда дорам. Ман мехоҳам ба шумо як чизро намоиш диҳам. Ин дастгоҳ қобилияти ҳифзи 150 соат сабтро дорад. Баъд аз 90 соати сабт батареяш тамом мешавад. Ман онро ҳамроҳ мегардондам ва танҳо тугмачаи сабтро пахш мекардаму бас.”

Ҳафтаи гузашта Димовский ду паёми видеоиашро дар интернет ҷой дод ва дар сомонаи Youtube наворҳоро садҳо ҳазор нафар тамошо карданд.

Дар ин паёмҳо вай иддао дорад, ки милиса доимо бо парвандаҳои ҷиноии сохта мардуми бегуноҳро ба зиндон мепартояд ва аз ин роҳ нотавонмандиашро дар таҳқиқи ҷиноятҳои воқеӣ рӯпӯш мекунад. Баъд аз ин муроҷиаташ раҳбарият Димовскийро барои гӯё тӯҳмат ба ҳамкасбонаш аз вазифааш холӣ кард.



Дар навори видеоии севум, ки баъд аз ин дар интернет пахш гардид, сӯҳбати телефонии Димовский бо раҳбаронаш намоиш дода мешавад. Дар ин гуфтугӯ вай ба онҳо шарҳ медиҳад, ки чаро ба чунин иқдом даст задааст.

Таваҷҷӯҳи мардум ба маълумоти пахшкардаи Димовский дар ҳоле бештар шуд, ки дар Русия 10-уми ноябр рӯзи кормандони милиса таҷлил шуд.

Ба муносибати ин рӯз дар изҳороти телевизиониаш вазири корҳои дохилаи Русия, Рашид Нургалиев, бидуни майли зиёд ба баррасии иттиҳомоти Димовский пардохта, гуфт, ки дар робита ба он милиса бояд вориди гуфтугӯи мустақим бо мардум шавад.

Нургалиев гуфт: ”Бо таассуфи бузург бояд бигӯям, баъзе кормандони милиса берун аз салоҳиятҳояшон по мениҳанд ва сатҳи пасти арзишҳои ахлоқӣ, беалоқагӣ, дуруштӣ ва хушунат нисбат ба шаҳрвандонро намоиш медиҳанд, дар сурате ки баракс бояд ҳуқуқи онҳоро ҳимоят кунанд. Афсари милисаро танҳо дар он вақт мешавад барои кораш эҳтиром кард, ки ҳар яки мо аҳамияти хидмати шахсиро ба шаҳрвандон, омма ва давлат дарк намоем.”

Ин ҳодиса танҳо яке аз охирин шармандагиҳои хадамоти интизомии Русия мебошад ва қаблан ҳам гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва шаҳрвандон онҳоро дар фасоди фарогир, ношоистагӣ ва ваҳшигарӣ айбдор мекарданд.

Борис Дубин, раҳбари як тарҳи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар Маркази Левада ба бахши русии радиои Озодӣ гуфт, аз се ду ҳиссаи шаҳрвандони Русия ба милиса бовар надоранд ва 64 дар сад кори милисаро ғайриқаноатбахш хонданд.

Дубин афзуд, ки гузашта аз ин шаҳрвандон аз милиса ҳарос доранд: “Одамон назар ба авбошону ҷинояткорон аз милиса бештар метарсанд. Онҳо танҳо аз террористон бими бетшар доранд.”



Дубин гуфт, кормандони милиса дар навбати худ аз таъмин набудани зиндагиашон, маоши паст ва мақоми ноустуворашон дар ҷомеа нигаронанд.

Милисаи Русия баъд аз ҳодисаи моҳи апрел, вақте ки афсари милисаи Маскав, Денис Евсюков, дар ҳолати мастӣ дар як фурӯшгоҳи бузург тирандозӣ карда, се нафарро кушт ва шаш тани дигарро маҷруҳ кард, таҳти таваҷҷӯҳи амиқ қарор дорад. Баъд аз рух додани он тирпаронӣ президент Дмитрий Медведев сардори милисаи Маскавро аз вазифааш сабукдӯш кард.

Моҳи май раиси Додгоҳи олии Русия, Вячеслав Лебедев ва вазири адлия Александр Коновалов гузоришеро ба нашр расондаанд, ки дар он Вазорати умури дохилии Русия фосидтарин ниҳоди кишвар арзёбӣ мешавад.

Моҳи октябр вазири умури дохилии Бурятистон, Виктор Сюсюра ва муовинаш дар робита ба иттиҳоми қоҷоқи ҷавоҳирот ва яғмогарӣ боздошт шуданд. Ва дар ҳуди ҳамин моҳ Медведев сардори милисаи вилояти Тува Виктор Лесникро баъд аз ҳодисаи кушта шудани як милиса аз дасти ҳамкораш аз вазифа барканор кард.

Иттиҳомоти Димовский дар ҳоле рӯ зад, ки дар Кремл муборизаи гурӯҳҳо шиддат меёбад. Собиқадорони хадамоти амнияти кишвар ё «силовикҳо», ки аз атрофиёни Владимир Путин мебошанд, барои нуфуз ба самтҳои ояндаи сиёсӣ ва иқтисодии Русия бо мутахассисони технократи наздик ба президент Медведев мубориза мебаранд.

Андрей Солдатов, сардабири сомонаи агентура.ру ки ба матолиби марбути мубориза бо терроризм ва фаъолияти хадамоти амниятӣ тамаркуз мекунад, гуфт, ба назар мерасад, иттиҳомоти Димовский ба зудӣ ба оташи набарде, ки дар Кремл ҷараён дорад, рӯған хоҳад рехт: “Бори аввал ки ин таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб намуд, интиқоди вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид. Ва имкон дорад ки иқдоми майорро барои ин маърака истифода баранд.”

Димовский паёми видеоиашро 5 ноябр дар интернет ҷой дод ва 7 ноябр вазири умури дохилии Русия, Рашид Нургалиев амр дод, ки иттиҳомот таҳқиқ шавад. Аммо чанд соат баъд сухангӯи вазорат эълом намуд, ки таҳқиқ ба поён расидааст ва дар натиҷаи он Димовский ва боз 10 собиқадори милиса "барои тӯҳмат" аз сафҳои милиса ронда шудаанд.

Баъд аз он кумитаи бозрасии Додситонии кулли Русия гуфтааст, ки дар робита ба иттиҳомот таҳқиқи муқаддамотӣ оғоз намудааст ва раиси Думаи давлатӣ, Борис Гризлов ҳушдор дод, ки агар иттиҳомоти Димовский ҳақ барояд, бояд чораҳои сареъи мушаххас дида шавад.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Краснодар, 9-уми ноябр, Димовский гуфт, ки ӯро думболагирӣ ва гуфтугӯҳои телефониашро гӯш мекунанд. Вай изҳор намуд, ки аз ҷони худ ва амнияти оилааш дар ташвиш аст. Вай гуфт ки ба Маскав сафар хоҳад кард ва ҳамроҳаш санадҳое дорад, ки дурустии гуфтаҳояшро тасдиқ мекунанд. Вай гуфт ки мехоҳад, онҳоро шахсан ба дасти сарвазир Путин бидиҳад.
XS
SM
MD
LG