Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амир Қассоб аз баёноти пешинаш даст кашид


Дар мурофиаи додгоҳӣ дар Ҳиндустон ягона мусаллаҳи зиндамонда дар ҳамла ба шаҳри Мумбай аз баёноти қаблии худ рӯ тофт. Аҷмал Амир Қассоб гуфт, ки зери фишор ба гуноҳи худ иқрор кардааст. Алайҳи Қассоб, як узви гурӯҳи ифротгарои мустақар дар Покистон, даҳҳо иттиҳоми сангин эълон шудааст ва дар сурати собит шудани онҳо, ба ӯ ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
Бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифта буд, 174 нафар, аз ҷумла, 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Аз гурӯҳи даҳнафараи ҳамлагарон фақат як нафар - Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG