Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Алматӣ


Дар охири ин ҳафта дар шаҳри Алмаато нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ баргузор мегардад.

Интизор меравад дар ин нишаст Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, Александр Лукашенко, сарвари Белорус, Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон, сарвари Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадову Серж Саркисян, раисони ҷумҳури Туркманистон ва Арманистон ширкат намоянд.

Хабаргузории КазТаг иттилоъ додааст, ки ба нишаст Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон, низ даъват шудааст, вале алъон аз ҷониби вай дар бораи ширкат дар ин нишаст хабар нарасидааст.

Тибқи иттилоъ, то оғози нишасти ғайрирасмӣ мулоқоти алоҳидаи сарони кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон дар ҷаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукӣ доир мегардад.

Барномаҳои асосии нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ба рӯзи шанбе муқаррар шудааст.

Тавре масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, дар назар аст дар ҷараёни ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо баъзе сарони кишварҳои ИДМ мулоқот намояд.
XS
SM
MD
LG