Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама вориди Копенҳаген шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба хотири ширкат дар бахши ниҳоии конфаронси СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлим вориди шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, шуд. Қарор аст имрӯз сарони 120 кишвари олам зери созиши ниҳоии нишасти Копенҳаген имзо гузоранд. Шаби гузашта баъд аз музокироти тезутунд сарони кишварҳои бузурги ҷаҳон тарҳи қатъномаеро таҳия карданд, ки дар пояи он созиши байнулмилалӣ оид ба коҳиши партоби “газҳои гулхонаӣ” ба фазо ҳосил хоҳад шуд.
Дирӯз ИМА эълом дошт, ки омода аст барои то соли 2020 ҷалб кардани 100 миллиард доллар ба хотири бароварда сохтани ниёзмандиҳои мамолики дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағйири иқлим бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ кунад. Мақомоти Чин ҳам ишора карданд, ки барои ифшои миқёси воқеии партоби “газҳои гулхонаӣ” аз сӯи корхонаҳои кишвар омодаанд.
XS
SM
MD
LG