Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду корманди ФСБ дар Назран


Дар шаҳри Назрани ҷумҳурии Ингушистони Русия бар асари тирборони афроди ношинос ду корманди бахши маҳаллии Хадамоти федоролии амният (ФСБ) кушта шуданд. Як корманди дигар ин ниҳод дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудааст. Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯи ҳамлагарон идома дорад.
Аз ин пеш дар пайи инфиҷор дар як постгоҳи нозирони роҳ дар канори Назран 18 нафар, аз ҷумла, се ноболиғ маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи бахши Кумитаи тафтишотии Додситонии Кулли Русия дар ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози шимолӣ, як маргталаб бо мошини ҳомили маводи тарканда ба постгоҳи воқеъ дар як чаҳорраҳаи шоҳроҳи “Қафқоз” ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки нерӯи инфиҷор ба даҳҳо килограмм тротил баробар будааст.
Имрӯз таркиши як мошини дигар дар Ингушистон боиси ҷароҳат бардоштани Лайло Ҷониева, ҳамсари яке аз раҳбарони пешини мухолифин Машариф Аушев, гардид. Дар ин ҳодиса модар ва бародари Лайло Ҷониева ба ҳалокат расиданд. Машариф Аушев моҳи октябри соли равон аз сӯи афроди ношинос ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG