Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Ба созиши нави амниятӣ ниёзе нест


Дабири Кулли НАТО мутмаин аст, ки алҳол барои имзои созиши нави амниятӣ дар Аврупо ниёзе нест. Андерс фог Расмуссен дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки пешниҳоди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар бораи таҳияи созиши нави амниятӣ дар қора ҷолиб аст ва аммо он бояд аз сӯи сохторҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шавад. Ба гуфтаи Дабири Кулли НАТО, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки ба он 56 кишвар шомиланд, барои музокирот оид ба таъмини амният дар Аврупо майдони хубу мувофиқ аст.
Сафари Андерс фог Расмуссен ба Маскав имрӯз поён меёбад. Ин нахустин сафари раҳбари Паймони НАТО ба Русия баъд аз ҷанг дар Қафқози шимолӣ дар моҳи августи соли гузашта аст.
XS
SM
MD
LG