Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Копенҳаген ба ниҳояти худ наздик мешавад


Қарор аст раҳбарони тақрибан 120 кишвар дар Копенҳагени Дания ба гуфтушунудҳои тағири иқлим бипайванданд, то санад дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ барои тасвиб ниҳоӣ шавад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико, Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон, Лула де Силва-раиси ҷумҳури Бразилия, Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса аз ҷамлаи онҳо ба шумор мераванд, ки қарор аст дар ду рӯзи оянда дар конфронси Копенҳаген суханронӣ кунанд. Дар ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат дорад. Қарор аст вай низ дар ин конфронс суханронӣ кунад. Интизор меравад, ки конфронс кори худро рӯзи ҷумъа ба поён расонад.
XS
SM
MD
LG