Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия 20-солагии инқилобро таҷлил мекунад


Имрӯз дар Руминия 20-солагии шурӯъи ошӯбе таҷлил мешавад, ки бо суқути режими коммунистии Николае Чаушеску поён ёфт. Маросимҳои аслии идона дар шаҳри Тимишоара – “гаҳвораи инқилоби Руминия” доир мешаванд. Дар чаҳорчуби маросимҳо дар ин шаҳр ҳамчунин конфаронси байнулмилалӣ низ баргузор хоҳад шуд, ки дар он, аз ҷумла, раисиҷумҳури собиқи Лаҳистон Лех Валенса ширкат мекунад. Таҷлил аз пирӯзии инқилоби моҳи декабри соли 1989 як ҳафта идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG