Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Гайдар, меъмори ислоҳоти иқтисодии Русия


Иқтисодшиноси маъруф ва яке аз меъморони ислоҳоти иқтисодии Русия, Егор Гайдар, рӯзи чаҳоршанбе дар манзили худ дар канораи Маскав, дар синни 53-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.Пизишкон ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ нашр накардаанд, вале мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Гайдар бар асари сактаи дил фавтидааст. Егор Гайдар, писари нависандаи саршиноси рус, Аркадий Гайдар, дар оғози солҳои 1990 дар як саф бо гурӯҳи иқтисодшиносон ва сиёсатмадорони давраи президент Борис Елтсин аз тарроҳони ислоҳоти иқтисодии Русия буд. Солҳои охир академик Гайдар дар вазифаи раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти давраи гузариш кор мекард.
XS
SM
MD
LG