Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги "хидмат" дар нақлиёти Душанбе


«Эй бародар, ту бо Шоири Халқии Тоҷикистон сӯҳбат дорӣ, аққалан худата эҳтиром кун, наход ҳамин эҳтироми одамӣ дар шаҳр бошад. Охир эшон шоир, Шоири Халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ ҳастанд».

Ҳарчанд ман ба истилоҳ ба пулчинаки автобуси мусофирбари рақами 18 – пойтахт таъкид мекардам, ки бадрафторӣ накунад, вай аслан фаҳмидан намехост. Ва ёғиёна билети узвият дар Иттиҳоди нависандагони шоирро пас гардонда гуфт, ки "ин дар укази мо нест."
Пули гаишника аз куҷо диҳам, пули налогавикро аз куҷо диҳам, ҳозир боз агенти коррупсия пайдо шудааст, инҳо пул мехоҳанд...

Ин баҳс ҳангоми дохил шудан ба автобуси рақами 18, ки аз истгоҳи Қарияи Боло ба самти марказ меомад, сурат гирифт.
Устод Раҳмат Назрӣ дар истгоҳи Қарияи Боло ба бинои Иттифоқи Нависандагон, ки аз Турсунзода то Мӯъмин Қаноат ва аз Лоиқ то Бозорро дар доманаш парваридааст, меомад ва дар дасташ як баста китобҳои чопи Теҳрон дошт.

Вай дар сӯҳбат гуфт, ки ман ҳамагӣ ду истгоҳ яъне то Иттифоқи нависандагон меравам. Дар роҳ то бозори "Баракат" ин кондуктори ҷавон борҳо ба мусофирин ҳамла мекард: "пештар рав, байн холӣ аст!». Ҳол он, ки автобус пури одам буд. Касе ҳам ба вай ҳарфе намезад. Мисли ин ки мардум бо ин «фарҳанг» одат кардаанд

Вай бо садои баланд мисли ин ки дар кадом биёбон бошад, дод мезад, ки «мефуроӣ, пеш биё.»

Дар истгоҳи назди бозори "Баракат" устод Раҳмат Назрӣ фуромад ва ба он ҷавон фаҳмонд, ки як гурӯҳ адибони тоҷик аз тарафи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имтиёз доранд, ки дар нақлиёти мусофирбари шаҳр бепул равуо кунанд. Аммо маълум буд, ки ин ҷавон намедонад, ки Иттифоқи нависандагон чисту шоир кисту адиб чӣ маънӣ дорад.

Барои дақиқ будани ин ҳолат ман аз Иттифоқи нависандагони ҳамин суолро кардам. Гуфтанд, ки дар ҳақиқат шаҳрдори Душанбе ба 18 нафар аз адибони тоҷик ҳамин имтиёзро додаст, ки Раҳмат Назрӣ яке аз онҳост

Ман мефаҳмам,ки Раҳмат Назрӣ ё адибони дигар ба кадом имтиёз мӯҳтоҷ нестанд, вале бархӯрд ба шоир, ба зиёӣ дар ҷомеаи имрӯзи мо ба поёнтарин сатҳ афтодааст. Ин манзараҳо ва ин ҳолатҳо бонги изтиробанд, ки оё касе ё масъуле дар пайи ислоҳи ин вазъ аст?
Вақте ки ман дар истгоҳи дигар аз автобус фуромадам, ба ҷавони кондуктор гуфтам, ки агар ҳатто номи адиби тоҷик дар «указ»и шумо нест, магар ҳамин тавр мешавад рафтор кард? Ин ахлоқ аз куҷост? Ба ӯ фаҳмондам, ки инҷо шаҳр аст.

Бегоҳи ҳамон рӯз аз бозгашт ба маҳалли зист дар миниавтобуси "Газел"-и рақами 19 нишастам. Аввал ба ҷуз ман дар ин миниавтобус касе набуд. Аммо дар роҳ то ба истгоҳи оянда чаҳор ва баъд нӯҳ, баъдтар 11 нафар шудем. Вақте ки ба гардиши Қарияи Боло расидем, бо вуҷуди банд будани курсиҳо 5 нафари дигар савор шуд, ки дар миёни инҳо ду зани солхӯрда буд. Ва нафарони нишаста маълум буд, ки бо малол ҷойро барои инҳо холӣ карданд.Чанде пештар нарафтем, ки ду нафари дигар савор шуданд.

Аз ронанда пурсидам, чаро ин қадар одам савор мекунӣ, гуфт, "пули гаишника аз куҷо диҳам, пули налогавикро аз куҷо диҳам, ҳозир боз агенти коррупсия пайдо шудааст, инҳо пул мехоҳанд," гуфта, бо овози баланд ба ман посух дод.Ҳайрон шудам ба ӯ чӣ бигуям.

Дохили Газел ба ҳадде тоқатфарсо буд, ки хонумҳое сари по истода ба худ чизе мегуфтанд ва маълум буд, бисёр нороҳат буданд, вале баъд аз посухи ронанда онҳо низ ором гирифтанд.

Шумо фикр накунед. ки ман ба ҳайси журналист барои анҷоми як таҳқиқот махсус дохили ин автобусҳои мусофирбар мегардам. Ман ҳам як мошини сабукрави "Фолксваген Пассат" дорам, тавоноии мотораш 2,8 аст ва 6 силиндр дорад. Азбаски куҳнааст ва зуд зуд хароб мешавад, ночор бо автобус ба ҷои кор меравам.

Вале мусофирон мегӯянд таи чанд сол аст, ки вазъ ҳамин хел буда, аслан беҳбудие дида намешавад. Хусусан ҳангоми саҳар ва шом дар нақлиёти мусофирбаре, ки аз гӯшаҳои шаҳр ба марказ меоянд, вазъ таҳамулнопазир аст.

Дар чунин вазъ ду суол дар зеҳни ман мечархад. Оё ин ҳолатро ба сурати умум ронандаҳо ва ба истилоҳ кондукторони автобусҳои мусофирбар эҷод кардаанд ё масъулони ин идораҳо чунин шароитро фароҳам овардаанд, ки ронанадаҳо ночор ба ин «тартиб» рафтор кунанд? Кадом?

Вале ба ҳар сурат аҳли адаб ва зиё ба ин фикр ҳастанд, ки имрӯз ба ҳар ҳол Душанбе Бухорост, вале вақте ки бо чашмони худ мебинем, бо як шоир ва зиёӣ чунин рафтор мешавад, чӣ хулоса мекунем. Шояд баъзеҳо ба ин сатрҳо бовар накунанд, вале аққалан як бор шаҳрдори Душанбе ва ё президенти кишвар ҳудуди 500 метр дар "Газел"-и 19 ё дар автобуси 18 ва ё дар дигар нақлиёти мусофирбар бо либоси ғайрирасмӣ савор шаванд, бисёр чиз хоҳанд омӯхт…

Ман дар маҳаллаи «Ҷалҷинбозор» аз "Газел"-и 19 фуромадам ва ба ёдам автобуси 18 ва устод Раҳмат Назрӣ, асабониятҳои ӯ ва ёғигариҳои кондуктори ҷавон расиду фақат ҳаминро гуфтам, "Устод, худо нигаҳдор!"

Сардабир: Албатта, имтиёз ба афроди алоҳида дар нақлиёти ҷамъӣ дар ягон кишвари дигари дунё дида намешавад, аммо чунин, ба истилоҳ "фарҳанги хидмат" низ дар ҷаҳон камназир аст. Бахше аз мушкилоти марбут ба нақлиёт дар Душанберо ҳамчунин метавонед, дар ин видео тамошо кунед:

Нақлиёти Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

XS
SM
MD
LG