Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез ва "таҳдиди Амрико" барои ҳамкорӣ бо Эрон


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэла мегӯяд, ҳушдори хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико ба кишварҳои Амрикои Лотин, ба вижа ба кишвари вай ва ба Боливия, барои муносиботашон бо Эрон "таҳдиди ошкор аст". Дар ҷараёни ҳамоиши раҳбарони чапгаро дар Куба Чавез гуфт, суханони хонум Клинтон аз ҷамлаи "нишонаҳои рӯшани ҳамлаҳои ампротурист, ки ба гуфтаи Чавез, "нируҳои тараққихоҳ"-и Амрикои Лотинро ҳадаф қарор додааст. Ҳафтаи гузашта Ҳилларӣ Клинтон ба кишварҳои Амрикои Лотин барои ҳамкории наздикашон бо Эрон ҳушдор дод ва гуфт, чунин кор "воқеан ақидаи бад" аст ва метавонад барояшон паёмадҳое дошта бошад.
XS
SM
MD
LG