Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мақомоти ҳукуматиро сарзаниш кардааст


Владимир Путин – нахуствазири Русия, мақомоти расмиро барои роҳ додан ба ҳалокати 130 нафар дар тарабхонаи шаҳри Перм зери тозиёнаи танқид гирифта ва онҳоро ба бесалоҳиятву ришвахорӣ муттаҳам намуд. Путин дар як нишасти ҳукумат шоми панҷшанбе гуфтааст, фоҷиаи шаҳри Перм “тамоми нуқсҳои” бюрократияи Русия, аз ҷумла бесалоҳиятӣ, фасодкорӣ ва иртиботҳои номуносиб бо соҳибкориро ба намоиш гузошт. Вай бахусус аз масъулони нозири сохтмону муассисаҳо, мақомоти оташнишониро танқид кардааст, ки фаъолияти тарабхонаи Пермро ба таври муносиб назорат накардаанд. Владимир Путин пешниҳод кардааст, то ҷазо барои бесалоҳиятии мақомоти расмӣ сахттар карда шавад. Владимир Путин рӯзи сешанбе шаҳри Перм сафар карда мақомоти онҷоро сахт сарзаниш кард ва рӯзи дигараш тамоми ҳукумати минтақаи Перм аз мақоми худ истеъфо доданд. Оташбозӣ дар дохили тарабхона сабаби сӯхтор ва бебандуборӣ дар дохили он шуд.
XS
SM
MD
LG