Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо


Имрӯз дар шаҳри Брюссел нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо идома мекунад, ки дар он асосан масъалаи тағйири иқлим ва бӯҳрони иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Раҳбарони 27 кишвари узв мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар амри муқобила бо гармоиши курраи Замин нақши пешворо иҷро мекунад. Аз ин рӯ интизор меравад, ки Иттиҳодияи Аврупо барномаи шаш миллиард евроиро қабул хоҳад кард, ки ҳадафи он кӯмак ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои муқобила бо тағйири иқлим аст. Дигар масъалаи муҳими нишаст, бӯҳрони иқтисодӣ ва вазъи бади молии Юнон мебошад. Қарзи Юнон ба ҳаҷми рекордии 300 миллиард евро расида ва мояи нигаронии кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро дар Иттиҳодияи Аврупо шудааст.
XS
SM
MD
LG