Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс бо Нурӣ Ал-Моликӣ мулоқот мекунад


Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико, рӯзи панҷшанбе, ғайринтизор вориди Ироқ шуд ва бо Ҷалоли Толибонӣ - раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Вай гуфт, Амрико омодааст, дар амри расидагӣ ба бомбгузориҳои хунини рӯзи сешанбе кӯмак кунад, ки дар ин бомбгузориҳо тақрибан 130 нафар ҷон бохтанд. Қарор аст, Роберт Гейтс имрӯз бо Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ, дидору гуфтӯгу кунад. Нурӣ Ал-Моликӣ рӯзи панҷшанбе натавонист, бо вазири дифоъи Амрико мулоқот анҷом бидиҳад, зеро вакилони мардумии Ироқ ӯро барои посух додан ба суолҳо доир ба бомбгузорӣ ба порлумон даъват карданд. Роберт Гейтс пеш аз сафараш ба Ироқ дар Афғонистон буд ва бо сарбозони кишвараш ва раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай дидору гуфтӯгу кард.
XS
SM
MD
LG