Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Ал-қоида дар бомбгузориҳои Бағдод


Мақомоти Ироқ мегӯянд, ҷангҷӯёни Ал-Қоида дар силсилаи бомбгузориҳои дар шаҳри Бағдод даст доранд, ки 127 кушта ва бештар аз 500 нафар маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Рӯзи сешанбе то панҷ мошини бомбгузоришуда дар назди биноҳои вазорати молия, посгоҳи пулис ва донишгоҳи Бағдод мунфаҷир шуд. Ин саввумин ҳамлаи азими ҳамоҳангшуда дар Ироқ пас аз моҳи август аст. Бомбгузории ахир сабаби интиқоди тадобири амниятии ҳукумат аз тарафи вакилони мардумии Ироқ шуд. Вакилони порлумон аз Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазир ва вазирони ниҳодҳои амниятӣ хостааст, рӯзи панҷшанбе дар як ҷаласаи изтирории порлумон ба суолҳои вакилон посух бигӯянд. Амалҳои терористӣ дар рӯзе сурат гирифт, ки мақомоти Ироқ рӯзи интихоботи ояндаи порлумониро эълом карданд. Интихоботи оянда дар ин кишвар на моҳи феврал, балки 7 март баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG