Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо нахуствазири Туркия


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе гуфт, ба эътиқоди вай, Туркия метавонад, дар ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон нақши муҳиме ифо намояд. Баъди мулоқоташ бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон – нахуствазири Туркия, дар Кохи Сафед, Барак Обама ҳамчунин гуфт, Амрикову Туркия, бо терроризм дар ҳар куҷое, ки набошад, мубориза хоҳанд кард. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфт, кишвараш омода аст, барои ҳалли дипломатии бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон ҳар кори аз дасташ меомадаро анҷом диҳад. Раҳбарони Амрикову Туркия дар ҳоле мулоқот карданд, ки ду кишвар дар робита ба сиёсат дар Ховари Миёна, таҳримот алайҳи Эрон ва талош барои афзудани нерӯҳо дар Афғонистон ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG