Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Карзай дар се рӯз таъйин мешавад


Сухангӯи президенти Афғонистон гуфт, ки Ҳомиди Карзай ният дорад дар давоми се рӯзи оянда ҳайати кабинаи нави ҳукумати худро эълон кунад. Ҳомиди Илмӣ гуфт, ки Карзай ҳанӯз ҳам дар ин масъала бо сиёсатмадорону коршиносон ва ришсафедон машваратҳо доир мекунад. Карзай зери фишори шадиди Ғарб дигар муттафиқонаш қарор дорад, ки аз ӯ тақозо мекунанд ба зудтарин фурсат тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз фасодро рӯи даст гирифта ба ҳукумати нав на ҷангсолорони пешин, балки технократҳоро биёрад. Оқои Илмӣ афзуд, ки талошҳо барои роҳандозии музокираҳо бо намояндаҳои Толибони мӯътадил ва ҳам тадбирҳои решаканкунандаи фасоду ришват аллакай рӯи даст гирифта шудааст. Карзай моҳи гузашта ба иҷрои салоҳиятҳои даври нави панҷсолаи раёсатҷумҳуриаш пардохт.
XS
SM
MD
LG