Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба муҷозоти соҳибони тафреҳгоҳ даъват кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба муҷозоти шадиди соҳибони тарабхонаи шаҳри Перм даъват кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо сабаби беэҳтиётии онҳо бар асари сӯхтори ахир 103 нафар ҷони худро аз даст доданд. Вай гуфт, ки онҳо бояд аз рӯи қонун шадидан муҷозот шаванд. Вай гуфт, ки моликдори аслии ин тафреҳгоҳ борҳо ҳушдор дода шудааст, ки ба меъёрҳои бехатарӣ ва ҷилавгирикунанда аз сӯхтор риоя кунад, вале ин ҳама нодида гирифта шуд.
Светлана, як шоҳиди ин ҳодисаи мудҳиш дидаашро чунин нақл кард:

“Ман ба боло нигоҳ кардам, ки баъди ба кор андохтани фейерверк симҳои шифти тарабхона фурӯзон шуд. Ман боз гуфтам, ки чӣ манзарае зебоест! Вале атрофиён фарёд заданд, ки ин сӯхтор аст, ман худам ҳамон лаҳза чизе нафаҳмида будам. Агар шумо сӯхтани коҳро дида бошед, айнан ҳамин хел алангаи оташ зуд тавассути ин симҳо паҳн шуд, дар чанд сония. Мо ҳама ба самти танҳо даре, ки буд, давидем, якдигарро аз ҳар тараф тела дода мехостем берун шавем”.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, ки аз миёни 134 осебдидаи ин сӯхтор ҳолати 85 нафарашон хеле вазнин арзёбӣ мешавад. Сӯхтор бар асари истифодаи фейерверке дар дохили ин клуби шабона, ки меҳмонҳоро барои таҷлили ҳаштсолагии таъсиси он ҷамъ оварда буд, сар зад.



XS
SM
MD
LG