Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати поккории минаҳо дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Картагенаи Колумбия ҳамоиши “Ҷаҳони озод аз минаҳо” ба анҷом расид, ки шаш рӯз идома дошт.

Яке аз натиҷаҳои ин нишаст тамдиди мӯҳлати поккории заминҳо аз мина дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 10 соли оянда будааст, ки бо дархости ин кишвар ҳосил шудааст. Хабаргузории “Азия-плюс” менависад, ки дар суханронии раҳбари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар ин нишаст вазири адлия Бахтиёр Худоёров ба масъалаи ташвишовари таркиши минаҳо дар марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таваҷҷӯҳ кардааст. “Азия-плюс” менависад, Бахтиёр Худоёров дар изҳороти худ дар нишасти Картагена гуфтааст, дар тӯли 10 соли охир фақат дар марз бо Ӯзбакистон бар асари таркиши минаҳои зиддинафар 74 нафар ба ҳалокат расида, 87 нафар ҷароҳат бардоштааст. Имсол ду чунин ҳодисаи ҳалокати сокинони манотиқи наздимарзӣ бо Ӯзбакистон бар асари таркиши минаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бар тибқи иттилои маркази минарӯбии Тоҷикистон, баъди соли 1999 то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ куллан 802 ҳодисаи таркиши минаҳо гузориш шудааст ва аз ин миён, беш аз 350 нафар ба ҳалокат расида 450 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи минакорӣ шудани марзҳои Ӯзбакистон бо ҷумҳуриҳои ҳамсояаш дар густураи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард.

Натиҷаи дигари нишасти Картагена ин давлатҳои нави холӣ аз минаҳои зиддинафар эълон шудани чаҳор кишвар – Албания, Юнон, Руанда ва Замбия будааст. 120 давлати ширкатдори ин ҳамоиш зери барномаи амали Картагена имзо гузоштанд, ки фаъолиятҳои мухталифро дар ин замина, аз ҷумла дар бахши кӯмак ба осебдидаҳои таркиши минаҳо, поккории ин маводи тарканда аз хоки кишварҳояшон ва ҳамкории байналмилалро дар давоми панҷ соли минбаъда дар назар мегирад.

Давлати Австралия танҳо кишваре буд, ки ӯҳдадории қотеъро дар робита бо ихтисоси 100 миллион доллари австралиягӣ дар мӯҳлати панҷ соли оянда барои мубориза бо минаҳо баён кард, вале ҳеҷ дигар давлати ҷаҳон аз ин иқдом пайравӣ накард, мегӯяд созмони Маъракаи байналмилалии манъи минаҳои зиддинафар дар изҳороти худ.
XS
SM
MD
LG