Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати поккоризи минаҳо дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Картагенаи Колумбия ҳамоиши “Ҷаҳони озод аз минаҳо” ба анҷом расид, ки шаш рӯз идома дошт. Дар ин нишаст чаҳор кишвари нав – Албания, Юнон, Руанда ва Замбия ба унвони давлатҳои дигари холӣ аз минаҳои зиддинафар эълон шуданд. 120 давлати ширкатдори ин ҳамоиш зери барномаи амали Картагена имзо гузоштанд, ки фаъолиятҳои мухталифро дар ин замина, аз ҷумла дар бахши кӯмак ба осебдидаҳои таркиши минаҳо, поккории ин маводи тарканда аз хоки кишварҳояшон ва ҳамкории байналмилалро дар давоми панҷ соли минбаъда дар назар мегирад. Яке аз натиҷаҳои ин нишаст тамдиди мӯҳлати поккории заминҳо аз мина дар қаламрави Тоҷикистон, Уганда, Камбоҷа ва Аргентина будааст, ки бо дархости ин кишварҳо ҳосил шудааст.
Давлати Австралия танҳо кишваре буд, ки ӯҳдадории қотеъро дар робита бо ихтисоси 100 миллион доллари австралиягӣ дар мӯҳлати панҷ соли оянда барои мубориза бо минаҳо баён кард, вале ҳеҷ дигар давлати ҷаҳон аз ин иқдом пайравӣ накард, мегӯяд созмони Маъракаи байналмилалии манъи минаҳои зиддинафар дар изҳороти худ.
XS
SM
MD
LG