Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре 18 нафарро дар Сомалӣ кушт


Нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Африқо гуфтанд, як бомбгузори маргталаб имрӯз, 18 нафар, аз ҷумла се вазири ҳукуматро имрӯз дар шаҳри Муқадишу кушт. Таркиш замоне ба вуқӯъ пайваст, ки даҳҳо нафар барои таҷлили маросим хатми донишгоҳ дар меҳмонхонае дар пойтахти Сомалӣ гирд омада буданд. Мегӯянд, ки аксарияти қурбониён донишҷӯёнанд ва ҳамчунин дар баробари вазирони беҳдошт, маориф ва таҳсилоти олии Сомалӣ ду хабарнигор ҳам ҳалок шудаанд. Бар асари бомбгузорӣ даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳеҷ кас то кунун масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳукумати таҳти ҳимояти Созмони Милал дар Сомалӣ танҳо бахши кӯчаки ин кишварро таҳти контрол дорад, ки солҳост бо ифротгароёни исломӣ меҷангад.
XS
SM
MD
LG