Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти таркиши автобуси зоирони эронӣ


Бар асари таркиши автобуси ҳомили зойирони эронӣ дар канори шаҳри Димишқ, имрӯз дасти кам шаш нафар ҳалок шудаанд. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Автобус ҳангоми гирифтани бензин аз як бензинфурӯшӣ дар наздикии зиёратгоҳе дар Сурия мунфаҷир шудааст. Саид Муҳаммад Саммур – вазири умури дохилаи Сурия, ба телевизони Лубнон гуфтааст, ҳанӯз иллатҳои таркиш мушаххас нашудааст. Бино ба баъзе гузоришҳо, зоҳиран дар автобус бомб таркидааст. Таркиш дар замоне ба вуқӯъ пайваст, Сайид Ҷалилӣ - дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва музокиракунандаи аршади атомии Эрон ба Димишқ сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG