Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони стратегияи нави ИМА дар қиболи Афғонистон


Барак Обама расман изҳор намуд, ки ИМА соли оянда ба Афғонистон ба таври иловагӣ 30 ҳазор афсару сарбоз мефиристад.

Ин изҳорот дар як суханронии раисҷумҳури Амрико оид ба вазъи Афғонистон дар Академияи низомии воқеъ дар Вест-Поинти иёлати Ню-Йорк пахш шуд. Ба гуфтаи Барак Обама, дар ҳоле, ки Амрико пойбанди ҷанг дар Ироқ буд, вазъ дар Афғонистон бештар ноором гардид. Раҳбарону мусаллаҳони созмони “ал-Қоида” баъди шикаст дар солҳои 2001 ва 2002 дар марзи Покистону Афғонистон мустақар шуданд. Обама афзуд, “ҳарчанд мардуми Афғонистон ҳукумати қонуниро интихоб карданд ва аммо фасоду ришват, қочоқи маводи мухаддир, иқтисоди заиф ва камбуди нерӯҳои амният дар фаъолияти он монеа эҷод карданд”. Солҳои ахир, афзуд раисҷумҳури ИМА, мусаллаҳони “Толибон” ҳамдасти “ал-Қоида” буданд, “зеро ҳадафи ҳар ду гурӯҳ - аз байн бурдани ҳукумати Афғонистон аст”. “Толибон” ба тадриҷ бархе аз манотиқи Афғонистонро таҳти назорат қарор дод ва ҳамлаҳои террористии шадиду маргбор алайҳи нерӯҳои ҳукумативу байнулмилалӣ ва мардуми Афғонистону Покистонро ба роҳ монд.

Тасмим дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ - як бахши стратегияи нави ИМА дар Афғонистон аст ва ҳадафи он дар мӯҳлати кӯтоҳ шикаст додани мусаллаҳони “ал-Қоида” ва “Толибон” дар ин кишвар арзёбӣ шудааст. Обама гуфт, “ҳамчун сарфармондеҳ ман қарор кардам, ки интиқоли 30 ҳазор нерӯи иловагии амрикоӣ ба Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётан муҳими мо хоҳад буд”.

Раисҷумҳури ИМА афзуд, барои татбиқи стратегия ҳамкории наздик бо Покистон зарур аст. Ба гуфтаи Барак Обама, дар сурати муваффақ
Ҳамчун сарфармондеҳ ман қарор кардам, ки интиқоли 30 ҳазор нерӯи иловагии амрикоӣ ба Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётан муҳими мо хоҳад буд.Барак Обама, раисҷумҳури ИМА
шудани стратегияи нав аз тобистони соли 2011 хуруҷи марҳала ба марҳалаи нерӯҳои кишвар аз Афғонистон шурӯъ хоҳад шуд.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, Барак Обама дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагӣ ҳанӯз рӯзи сешанбе тасмим гирифта буд. Қабл аз ин тасмим ӯ бо Котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифоъ Роберт Гейтс ва мушовири амниятӣ Ҷеймс Ҷонс машваратҳо анҷом дод ва ҳамчунин бо фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон генерал Стэнлӣ МакКристал тамоси видеоӣ гирифт. Ҳамчунин Обама аз тасмим худ сарони Фаронса, Британия ва Русияро огаҳ кард.

Айни ҳол дар Афғонистон 68 ҳазор афсарону сарбозони амрикоӣ ва тақрибан 32 ҳазор низомиён аз дигар кишварҳои эътилофӣ байналмилалӣ мустақаранд.

Обама дар суханронӣ дар Вест-Поинт ҳамчунин аз кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ даъват кард, ки ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол диҳанд. Ва аммо ба назар мерасад, ки на ҳама кишварҳо барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон омодаанд. Аз ҷумла, Олмон ахиран аз интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон сарпечӣ намуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, кишвараш алҳол натоиҷи конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистонро, ки баъд аз чанд ҳафта дар Лондон баргузор мешавад, интизор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG