Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви раводид барои се кишвари Югославияи собиқ


Иттиҳодияи Аврупо режими раводид бо се кишвари Югославияи собиқ –Македония, Черногория ва Сербияро лағв мекунад. Ба гуфтаи Олли Рен, масъули идораи густариши Иттиҳодияи Аврупо, шурӯъ аз 19 декабри соли равон шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бидуни раводид ба давлатҳои узви Иттиҳодия сафар кунанд.
Шаҳрвандони Македония, Черногория ва Сербия тайи 40 сол, замони арзи вуҷуд кардани федератсияи Югославия, ҳаққи сафари бидуни раводид ба бисёр кишварҳои аврупоиро доштанд. Югославия ягона кишвари сотсиалистӣ буд, ки шаҳрвандонаш аз имкони бидуни раводид ба дигар кишварҳои Аврупо сафар кардан бархурдор буданд.
XS
SM
MD
LG