Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Швейтсария манорасозӣ мамнӯъ мешавад


Ҳоло дар Швейтсария чаҳор масҷид барои мусулмонон фаъол аст
Ҳоло дар Швейтсария чаҳор масҷид барои мусулмонон фаъол аст

Бино ба натиҷаҳои расмии раъйпурсии умумӣ дар Швейтсария аксарияти мардуми ин кишвар ҷонибдори манъи бунёди манораҳо дар масҷидҳои ин кишвар шудаанд.

Хабаргузории расмии Швейтсария мегӯяд, 57 дарсади мардум аз пешниҳод барои манъ кардани бунёди манораҳо тарафдорӣ кардаанд. Натиҷаҳои муқаддамотии аз вилояти Тисино низ нишон додааст, ки 68 дарсад тарафдори чунин коре будаанд.

Раъйпурсӣ аз тарафи як ҳизби ростгарои Швейтсария пешниҳод шуд, ки мегӯяд, манораҳои масҷидҳо талоше барои нишон додани қудрат ва бахше аз стротежӣ барои исломӣ кардани Швейтсария аст.

Ҳукумат ва порлумони кишвар пешниҳоди матраҳшударо мухолиф ба Қонуни Асосии Швейтсария, озодии эътиқод ва суннати таҳаммулпазирии мардуми кишвар хондаанд.

Швейтсария яке аз кишварҳои нисбатан камаҳолии Аврупо буда, бахши қобили таваҷҷӯҳи ҷомеаи онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, аз 7,7 миллион нафар аҳолии ин кишвар 400 ҳазор мусалмонанд, ки аксаран намояндагони кишварҳои африқоӣ ва осиёӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG