Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон боз даҳ корхонаи ғанисозии уран месозад


Ҳукумати Эрон эълом дошт, ки дар кишвар боз даҳ корхонаи ғанисозии ураниум бунёд хоҳад шуд. Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, корхонаҳои нав аз рӯи ҳаҷм ва тавлидот ба корхонаи воқеъ дар Натанз баробар хоҳанд буд
Аз ин пеш Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон дар посух ба интиқоди Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) аз барномаи ҳастаии Эрон, ҳушдор дода буд, ки кишвараш метавонад ҳамкорӣ бо ин Оҷонсро ҷиддан коҳиш диҳад. Зимни суханронӣ дар порлумон Алӣ Лориҷонӣ гуфт, агар фишор бо ҳидояти Ғарб идома ёбад, Теҳрон мизони муколамааш бо МАГАТЭ-ро бознигарӣ хоҳад кард ва ин коҳиши муколама ҳам "бисёр ҷиддӣ" хоҳад буд.
Охири ҳафтаи гузашта Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ бо қабули як қатъномаи шадидуллаҳн аз Эрон хоста буд, то бунёди корхонаи чанде пеш ошкоршудаи ғанисозии ураниум дар наздикии шаҳри Қумро бандад, ҳадафи бунёди ин корхонаро ташреҳ кунад ва ҷомеъаи ҷаҳониро мутмаин созад, ки ғанисозии ураниумро тавсеъа бахшиданӣ нест.
XS
SM
MD
LG