Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори маҳбусон аз зиндони Фароҳ


Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, беш аз даҳ нафар маҳбус аз як зиндони вилояти Фароҳ фирор кардаанд. Сардори пулиси вилояти гуфт, ин зиндониён аз тариқи як нақбе фирор кардаанд, ки аз ҳуҷраи худ то ба берун аз зиндон кофтаанд. Маҳбусони фирорӣ, ҷангҷӯёни Толиб, қочоқбарони маводи мухаддир ва дигар ҷинояткороне будаанд, ки дар ҷиноятҳои сабук даст доштаанд. Зиндонии 13 уми боздоштшуда гуфтааст, ки нақби мазкурро даҳ рӯз кофтаанд ва ният доштанд, то дар нимашабӣ тамоми зиндонро холӣ кунанд. Дар ин зиндоне, ки барои 80 нафар сохта шудааст, бештар аз 300 нафарро посбонӣ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG