Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вожгун шудани киштии Бангладеш


Бар асари вожгун шудани як киштии мусофирбар дар Бангладеш, ки мусофиронро барои таҷлили иди Қурбон мебурдааст, дасти кам 30 нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар бенишон шудаанд. Ин ҳодиса шоми ҷумъа ҳангоми аз киштӣ пойин омадани мусофиронаш дар ноҳияи Бола дар 100 километрии ҷануби шаҳри Дака – пойтахти Бангладеш иттифоқ афтодааст. Бино ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин киштии сетабақа ҳангоми вожгун шуданаш 1000 нафар мусофир будаанд.
XS
SM
MD
LG