Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонҳои олам Иди Қурбонро таҷлил мекунанд


Имрӯз мусалмонҳои аксар кишварҳои олам Ид Ал-Адҳа ваё Иди Қурбонро таҷлил мекунанд. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зимни суханронӣ ба шарафи ин ид, бори дигар ҷунбиши “Толибон” ва ҳампаймонҳои онро ба мусолиҳа даъват кард. Ба гуфтаи Карзай, мусаллаҳони толиб бояд силоҳ ба замин гузоранд ва дар эҳёи кишвар саҳм бигиранд. Ду рӯз қабл Мулло Умар, раҳбари “Толибон”, эълом дошт, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, бо ҳукумати Кобул вориди музокирот нахоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин аз мардуми Афғонистон даъват карда буд, ки аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо ҳукумати Карзай парҳез кунанд.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи шанбе таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG