Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди нахустини ҳамлаҳои хунини Мумбай


Ҳиндустон имрӯз солгарди аввали ҳамлаҳои хунини Мумбайро дар ин пойтахти моливу тиҷоратии кишвар бо расми гашти нирӯҳои амниятии мусаллаҳ бо таслиҳоти навин ва бо дуъохониву шамъафрӯзӣ ба ёди қурбониёни он ҳамлаҳо гиромӣ хоҳад дошт. Рӯзи 26 ноябри соли гузашта 10 ҷангии саропо мусаллаҳ тавассути як киштии рабудашуда вориди Мумбай шуданд ва даст ба силсилаи ҳамалоте заданд, ки 166 кушта ба ҷо гузошт. Тайи се рӯзи баъдӣ ҳама ҷангиён, ба истиснои яке, ки боздошт шуд, кушта шуданд.
Ҳинд гурӯҳи ҷангии Лашкари Таййибаро, ки дар Покистон асос ёфтааст, масъули ин ҳамлаҳои хунин номид ва аз давлати Покистон хост, ин гурӯҳро аз байн бурда, ҳама афроди дахил дар ҳамлаҳои Мумбайро ба Ҳинд бисупорад.
XS
SM
MD
LG